Низоми бонкӣ

Низоми бонкӣ дар Тоҷикистон дар заминаи шабакаи бонкии замони Шӯравӣ ва бонкҳои хусусии нав бунёд гардида, дар солҳои истиқлолият зина ба зина инкишоф ёфт, имрӯз ба яке аз соҳаҳои аҳамиятнок ва тезтараққиёбандаи иқтисодиёт табдил гаштааст.

Дар ин марҳалаи начандон тӯлонӣ низоми бонкӣ зинаҳои такмили заминаи қонунгузорӣ, бунёди назорати бонкии ба меъёрҳои ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ такякунанда, таҳкими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, таҷдиди бонкҳои калон ва таҳаввулоти дигарро паси сар намуд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Соли 1995 рубли тоҷикӣ ҳамчун асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ таъсис шуда буд. Бонки миллии Тоҷикистон аз 10-уми майи соли 1995 бо қарори Комиссияи давлатӣ оид ба ҷорӣ намудани асъори миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ - “рубли тоҷикии барориши соли 1994”-ро ба муомилот баровард.
Дар раванди барпо шудани низоми ягонаи пулию қарзӣ аҳамияти ба узвияти Хазинаи Байналмилалии Асъор пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Ин ташкилоти бонуфузи молиявии байналмилалӣ, ки ҳадафи асосии он кӯмак ба мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва бартараф сохтани оқибатҳои бӯҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, баъди ба расмият даровардани санадҳои дахлдор 23 августи соли 1993 ба узвияти комилҳуқуқи ин ташкилот пазируфта шудани Тоҷикистонро эътироф намуд.
Яке аз барномаҳои асосие, ки Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои тозааъзо пешниҳод менамояд, барномаи кӯмаки пас аз низоъ (ESAF) ба шумор меравад, ки он аз маҷмӯи кӯмакҳои моддиву молиявӣ, ихтисосиву машваратӣ ва техникӣ иборат мебошад. Барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бузурги ин ташкилот дар идораи макроиқтисодӣ нақши назаррас дорад.
Бо амалӣ гаштани ислоҳоти пулии соли 1995 марҳалаи нави ташаккули сиёсати пулию қарзӣ ва барпо намудани асосҳои муҳимтарини низоми мукаммали бонкӣ оғоз гардид. Дар ин марҳала зарурати қабули маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, ки ҳадаф ва вазифаҳои бонки марказиро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дақиқан ифода намоянд, ба миён омада буд. Вобаста ба ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон замина гузошт.
Сиёсати танзими асъор аз ибтидо яке аз самтҳои муҳими сиёсати пулию қарзӣ ба ҳисоб меравад. Дар марҳалаи аввал бо мақсади ташкили механизми бозории савдои асъори хориҷӣ, ки дар асоси “талабот ва пешниҳод” бояд амал мекард, моҳи апрели соли 1995 Биржаи байнибонкии асъор ташкил карда шуд. Дар ин асос 4 ноябри соли 1995 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” қабул гардид. Қабули қонуни мазкур ҳамчунин ба шароит ва хусусияти бозори истеъмолии ватанӣ, ки ба асъори хориҷӣ талаботи калон дорад, мусоидат намуд. Бонки миллии Тоҷикистон тадриҷан дар амалияи татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, қисмати асъории он ва танзими механизми қурбгузории пули миллиро ба роҳ монд.
Яке аз падидаҳои хеле муҳими таърихие, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ омад, ин бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ бо номи “сомонӣ” буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар таъсири мусбат расонида, барои раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи молиявӣ, мӯътадил гардонидани иқтисодиёт, молия, буҷет ва вазъи иҷтимоиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Дар давраи 20 соли фаъолият низоми бонкии кишвар дар самти ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Ташкилотҳои мазкур дар низоми бонкии мамлакат барои дастгирии соҳаи соҳибкории хурду миёна, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика (тармим ва барқарорcозии шабакаҳои барқӣ), обёрии заминҳо ва дигар соҳаҳо саҳмгузорӣ намуданд.
Низоми бонкии кишвар дар давоми 20 соли фаъолияти худ ҳамкориҳои судмандро ҳамчунин бо кишварҳои халиҷи Форс ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас сазовор гашт. Аз ҷумла, ҳамкориҳоро бо Фонди Саудии Рушд, Фонди Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб ва Фонди Созмони Кишварҳои Содиркунандаи Нафт мустаҳкам намуда, дар ин самт истифодаи қарзҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сохтмони роҳҳои автомобилӣ, маблағгузории бахши хусусӣ, махсусан корхонаҳои хурду миёна тавассути бонкҳои тиҷоратии кишвар амалӣ намуд.
Ба хотири мусоидат ба рушди сохторҳои нави молиявӣ дар кишвар, ҳамчунин ҷалби бештари ташкилотҳои молиявии мавҷуда дар ҷараёни додани қарзҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини табақаҳои камбизоат бо ҷои кор ва афзудани даромади онҳо зарурати омода кардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди ташкилотҳои маблағгузории хурд ба миён омад. Барои танзими ин раванд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 майи соли 2004 қабул гардид.
Пас аз қабули ин қонун барои татбиқи он Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёриро доир ба тартиби иҷозатномадиҳӣ ва танзими фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд таҳия намуд, ки дар ин замина шумораи чунин ташкилотҳо то охири соли 2010 ба 138 расид.
Қарздиҳии хурд хусусан дар давоми панҷ соли охир афзоиши назаррасро соҳиб гардида, нисбат ба солҳои пешин то 3 маротиба афзуд, ки он дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи бахши иқтисодиёт ба 36,0 % мерасад.
Раванди таҳким ва такмил додани бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст.
То охири соли 2010 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 138 ташкилоти қарзӣ ва маблағгузории хурд, аз ҷумла 14 бонк, 2 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 42 ташкилоти қарзии хурд ва 44 фонди қарзии хурд фаъолият менамояд. Зиёдшавии ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо ба васеъ ва беҳтар шудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ мусоидат мекунад. Зиёдшавии қарзҳо асосан аз ҳисоби афзудани бақияи қарзҳои додашудаи бонкҳои мамлакат, махсусан ба соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна ба амал омадааст.

Бонки Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.nbt.tj/tj/

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Агроинвестбонк»

http://agroinvestbank.tj/tj/private_individuals/chl/index.php

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Ориёнбонк” 

http://www.orienbank.com/tj/

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи «Тоҷиксодиротбонк»

http://tsb.tj/tj/news.list/