Ҷашнвораи милали дониш дар Эрон

15 декабри соли ҷорӣ дар  шаҳри Теҳрон 4-умин ҷашнвораи милали дониш бо ибтикори толибилмони дабиристонҳои шаҳри Теҳрон баргузор гардид, ки дар он иддае аз роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии кишвари иқомат, аз ҷумла Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода, хабарнигорон, намояндагони илму адаб ва фарҳанг ҳузур доштанд.

Дар ҷашнвора аз ҷониби толибилмон паҳлуҳои гуногуни ҳаёти мардум ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон, Россия, Чин, Олмон, Ватикан, Испания, Миср, Англия, Ҷопон, Хиндустон (ҷамъ 24 кишвар) бо таваҷҷуҳ ба таърих, ҷуғрофиё, адабиёт ва фарҳанги онҳо муаррифӣ гардид.

 

Вобаста ба ҳар кишвар гӯшаҳои алоҳида ташкил гардида, анвои таоми миллӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастӣ, китобу аксҳо ва маводди гуногуни таблиғотӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Аз ҷумла, гурӯҳе аз толибилмони дабиристон бо кумак ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон гӯшаеро бахшида ба Тоҷикистон таъсис ва онро бо сабки вежаи тоҷикона ороиш дода буданд. Дар он ҳаводорон бо намунаи либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, ҳунарҳои дастии мардумӣ ва маводи таблиғотӣ оид ба рушду пешрафти  Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва ғайра шинос гардиданд. Дастархони тоҷикӣ пур аз нозу неъматҳои гуногун, аз ҷумла меваю ширинӣ ва ғизоҳои миллӣ буд. Иштирокдорон ва меҳмононро, бахусус, оши палави тоҷикӣ ва суруду оҳангҳои миллӣ писанд омад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон