Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Теҳрон

Санаи 15-уми марти соли 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ҷашни байналмилалии “Наврӯз” бо иштироки ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Эрон баргузор гардид.

Кордори Сафорат зимни шодбоши ҳозирин бо ҷашни байналмилалии Наврӯз роҷеъ ба сиёсати фарҳангии кишвар дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз рӯйдодҳои фарҳангӣ, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, эҳёи сунатҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ ва ба таври хосса аз шукӯҳу шаҳомат ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ҳарф зад.

идомаи матлаб...

Маҳфили “Шаби Тоҷикистон” дар Теҳрон

Шоми 3-юми марти соли ҷорӣ дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон маҳфили “Шаби Тоҷикистон” бо ҳузури раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ, раиси Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон, намояндаи Вазорати умури хориҷаи Эрон, кордори Сафорати ҶТ дар ҶИЭ, роҳбарият ва намояндагони  ҳайати дипломатии муқими  шаҳри Теҳрон, ҳамчунин меҳмонон аз дигар созмонҳои фарҳангии кишвари иқомат баргузор гардид.

Дар маҳфил китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ”, ба қалами донишманди тоҷик Сироҷиддин Эмомалӣ, ки дар ҳамкории муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муассисаи мазкур бо забони форсӣ чоп гардид, рӯнамоӣ шуд.

Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ, раиси Бунёди офаринишҳои ҳунарии Ниёварон, собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон ва намояндагони аҳли фарҳанги кишвари будубош дар бораи Сотим Улуғзода ҳарф зада, аз муштаракоти таърихию фарҳангии Тоҷикистону Эрон хотирнишон гардиданд.

Кордори Сафорати Тоҷикистон низ дар бораи фаъолият ва ҷойгоҳи устод Сотим Улуғзода дар адабиёти муосири тоҷик сухан ронда, бо иқтибос аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саҳми ин нависандаи бузург дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик, ҳамзамон аз қадрдонӣ шудани ӯ бо ҷоизаҳои давлатӣ ёдовар шуд.

Дар ҳамоиш филме аз диданиҳои сайёҳии Тоҷикистон ва порае аз мустанади зиндагиномаи Сотим Улуғзода низ ба забони тоҷикӣ пахш карда шуд. Ҳамчунин гурӯҳи ҳунарии “Навои милал” бо оҳангу таронаҳои дилангези тоҷикӣ табъи ҳозиринро болида доштанд.

Қобили зикр аст, ки китоби “Сотим Улуғзода ва фарҳанги миллӣ” тавассути Ш. Хоҷаев, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ ба забони форсӣ баргардон шудааст.

Ҷашнвораи “Ҷаҳони Наврӯз” дар Бурҷи мелоди шаҳри Теҳрон

28-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи миллии ЮНЕСКО - Эрон дар Бурҷи мелоди шаҳри Теҳрон ҷашнвораи “Ҷаҳони Наврӯз” баргузор гардид.  Дар ҷашнвора вазири умури хориҷа М. Зариф, раиси Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарӣ А. Мунисон, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварӣ М. Ғуломӣ, раиси Комиссияи миллии ЮНЕСКО - Эрон Ҳ. Аюбӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллӣ А.Буруҷердӣ, сафирон ва кормандони сафоратхонаҳои Россия, Арманистон, Туркманистон, Булғористон, Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва ҷамъи пажӯҳишгарону алоқамандони Наврӯз ширкат доштанд.

Дар ғурфаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби намояндагӣ ташкил карда шуда буд, гӯшаи ҳафтсину ҳафтшин, ғизо, сӯзаниву маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва либосҳои миллӣ, ҳамчунин китобҳои муаррифгари кишвар ба намоиш гузошта шуда буданд. 

Дар ҳамоиши ёдшуда кормандони Сафорат ба иштирокдорон ва алоқамандон дастоварду пешрафтҳои кишварро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзаҳои гуногун, аз ҷумла илму фарҳанг, сайёҳӣ шарҳу тавзеҳ дода, ба онҳо брошура, роҳнамову варақаҳои иттилоотии сайёҳӣ ва СД-ҳо дар бораи Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон